Шоҳроҳи Помир дар рӯйхати 10 шоҳроҳи зеботарини ҷаҳон
Душанбе, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Саёҳат бо мошин ва мототсиклҳо ба яке аз шаклҳои маъмултарини истироҳат табдил ёфта истодааст. Маҷаллаи илмӣ-маъмулии ҷуғрофии National Geographic рӯйхати 10 шоҳроҳи зеботарини ҷаҳонро омода намуд.
Шоҳроҳи Помир яке аз чунин шоҳроҳҳо мебошад. Он баландтарин роҳ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст. Қариб ки тамоми роҳи мошингард аз теғаи кӯҳҳои Помир ва се ағбаи асосӣ : Талдиқ(3615м ), Қизил-Арт (4280м) ва ағбаи аз ҳама наздик ба «Боми ҷаҳон» ағбаи Оқ байтал (4655) мегузарад. Қисми шарқии шоҳроҳ аз шаҳри Ӯши Қирғизистон то шаҳри Хоруғи Тоҷикистон дар солҳои 1931-1934, вақте ки Иттиҳоди Шуравӣ фаъолона қаламрави Помирро меомӯхт, сохта шуда буд. Вай аз доманакӯҳҳои сабз, ки он ҷо аспҳо мечаранд, бошишгоҳҳо ҳастанд, инчунин аз назди Боғи миллии Помир, ки аз он ҷо қуллаи Ленин (7134) намоён аст, мегузарад.
Яке аз шавқовартарин истгоҳ дар ин роҳ бузургтарин кӯли Тоҷикистон Қаракӯл мебошад, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аз ин ҷо ба шохаҳои Помири бузург баландиҳо оғоз мешаванд. То фуромадан ба водӣ аз тарафи Тоҷикистон чунин манзараҳои миррихӣ — сангҳо, дараҳо, нақбҳо, ҷойҳои берастанӣ, деҳаҳои аҷиб ва рамаи гӯсфандон ба назар менамоянд. Дар ин муддат ҳамсафари шумо мошинҳои боркаш, харҳо ва ҷипҳо хоҳанд буд.
Баъди гузаштан аз шоҳроҳ метавонед аз чанд ҷойи дигари шавқовар, ба мисли деҳоти аҳолинишин, ағбаи «Алвидоъ ҷавонӣ», қалъаи Зардушти Ёмч, гармчашмаи Бибӣ Фотима ва бисёр чизҳои дигар дидан намоед.
Ҳамчунин ба рӯйхати 10 шоҳроҳи зеботарини ҷаҳон инҳо дохил шуданд: дараи Вердон (Фаронса), Далтон-Хайвей (ИМА), роҳи сангфаршшудаи Трансфэгэраш (Руминия), ағбаи Чуйс( Русия), роҳи Атлантика (Норвегия), роҳи дарвозаҳои калон (Чин), роҳи 40 (Аргентина), доираи калон (ИМА) ва Шоҳроҳи бузурги уқёнусӣ (Австралия).








28 июл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад






