Симпозиуми 2-юми Интернет дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Март 2, 2016 16:23

Душанбе, 02.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 2-юми март дар меҳмонхонаи Шератон бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии «Интернет» ва ISOC Симпозиуми 2-юми Интернет дар Осиёи Марказӣ: Чашмандозҳо барои рушди интернет дар Тоҷикистон ба кори худ шуруъ намуд.
Ба иттилои Рустам Қосимов, директори Фонди ҷамъиятии Интернет, ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур баррасӣ намудани имкониятҳои Тоҷикистон аз рушди инфрасохтори дастрасӣ ба Интернет, аз ҷумла ташаккул ва рушди нуқтаҳои мубодилаи ҷараёни Интернет дар дохили кишвар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар симпозиум намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, UNESCAP, Институти миллии омӯзишҳои стратегӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати Тселл, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна, PIR Center ва дигарон иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки Симпозиуми 2-юми Интернет дар Осиёи Марказӣ то охири рӯз идома меёбад.

Март 2, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид