Соли оила- идомабахши сиёсати меҳварии Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи зан ва оила
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). «Соли оила- идомабахши сиёсати меҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан ва оила»- таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллӣ пагоҳ, 31 март конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад шуд. Он ба эълон гардидани Соли 2015 Соли оила, 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-солагии таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида мешавад. Мақсад аз баргузории конфронс таҳкими мавқеъ ва нуфузи оила дар ҷомеа мебошад.
Оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад. Оила танҳо замоне қонунӣ мегардад, ки дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад. Яъне, ҳуқуқи уҳдадориҳои зану шавҳар баъди гирифтани шаҳоданомаи ақди никоҳ ба миён меоянд.
Дар конфронс мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими оила ва тарбияи фарзанд», «Тарбия омили тақдирсоз», «Танзими психологии муносибатҳои оилавӣ омили устувории оила», «Таҳлили гендерии масъалаҳои оиладорӣ ва оилаи солим», «Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоии ҷомеа ва нақши он дар сиёсати имрўзаи Ҳукумати мамлакат», «Оила ва никоҳ аз нуқтаи назари ислом», «Оилаи ҷавон: мушкилиҳо ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими расму оинҳои миллӣ-гарави зиндагии шоиста», «Пешгирии зўроварӣ дар оила», «Оила ва тандурустӣ» ва «Ақди никоҳи давлатӣ кафили ҳифзи ҳуқуқи аъзои оила» таҳлил мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






