Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд

Ноябрь 15, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар деҳаи Марғедари деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи навбунёд ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ пешбинӣ гардидааст. Баъди ба истифода додани он  10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳамчунин ба 20 нафар ятимони кулл, беш аз 20 нафар собиқадорони соҳаҳои гуногун, туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд.

Дар Тоҷикистон ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, ба хусус ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Таъмини шароити муносиб барои зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти ин қишри ҷомеа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар деҳаи Миндонаи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ сохтмони фермаи парандапарварӣ, сардхона, нуқтаи забҳи чорво ва ҳавзи моҳипарварӣ, ки ба соҳибкор Муҳиддин Нарзиев тааллуқ доранд, идома дорад.

Ферма барои парвариши 60 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар айни замон дар он тамоми хатҳои зарурии технологӣ васлу насб гардидаанд. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик чӯҷаҳо ворид ва  раванди парвариши паранда барои истеҳсоли гӯшт оғоз шавад.

Рушди парандапарварӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 15, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд