Суғд: 10 журналист бо сипосномаи вилоятӣ сарфароз гардонида шуд
Хуҷанд, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар Кохи матбуоти вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 100 намояндаи ВАО-и вилоят чорабинии идона доир гардид.
Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд рӯзноманигоронро бо иди касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба воситаҳои ахбори умум таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамоянд.
Ҳамчунин Назира Ғаффорӣ озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016»-ро, ки барои дарёфти беҳтарин маводи журналистӣ се сол инҷониб бо ташаббуси раиси вилоят гузаронида мешавад, эълон намуда, барои иштирок дар озмун ба рӯзноманигорон барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар чорабинӣ ба 10 журналист сипономаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






