Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия талаби замон ва қабули он ба манфиати давлату ҷомеа аст
Душанбе, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади шарҳ додани пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини раъйпурсии умумихалқӣ, 29-уми феврали соли равон бо иштироки сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрукии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Юсуфӣ Музаффар Қурбон, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамоти гумрук ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Юсуфӣ Музаффар Қурбон дар бобати зарурат ва аҳамияти пешниҳоди мазкур иброз дошт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва маҳз барои рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи равандҳои демократикунонӣ, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионӣ равона гардидаанд, нигаронида шудааст.
Дар ҷамъомад масъалаи мазкурро роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамоти гумрук низ дастгирӣ намуда, таъкид карданд, ки пешниҳоди мазкур талаби замон буда, қабули он ба манфиати давлату ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки тағйироти пешниҳодшуда минбаъд имконият медиҳанд, то мардум дар рушди худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби ғояҳои ватандўстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва сулҳу субот ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намоянд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






