Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат

Март 21, 2016 12:49

Ваҳдат, 21.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва сокинони шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода сокинони шаҳрро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, барояшон хушбахтии зиндагиро таманно намуд. Ӯ гуфт, ки ба пешвози Наврӯзи Аҷам 17 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода дода шуд ва онҳо ният доранд то ҷашни 25-солагии Истиқлолият варзишгоҳи навро, ки сохтмонаш идома дорад, ба истифода диҳанд.
Раиси шаҳр минатдории хешро барои иштироки сокинони шаҳр дар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, ҳифзи оромии ҷомеа ва муқаддас доштани обу хоки ватан баён дошт.
Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзишгоҳҳои шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва ҷамъияти матлуботу шуъбаи маорифи шаҳр дастовардҳо, хӯрокҳои миллӣ ва санъати гузаштагонро ба намоиш гузоштанд.
Санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо барномаи идона хотири иштирокдоронро шод гардониданд

Март 21, 2016 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст