Таҷлили иди Наврӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт

Март 21, 2016 11:01

Душанбе, 21.03.2016(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бахшида ба иди Наврӯз чорабинии идона доир гардид. Пеш аз оғози чорабиниҳои наврӯзӣ дар ду канори роҳи мошингарди назди Наврӯзгоҳ соҳибкорон, тоҷирон ва дигар корхонаҳои пойтахт молҳои худро ба намоиш гузошта буданд.
Ҳамида Ниёзова, сардори шуъбаи истеҳсолоти Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дастовези онҳо ба иди байналмилалии Наврӯз китобҳои навнашршудаи комбинат мебошад. «Комбинати мо тамоми навъҳои китобҳоро ба табъ мерасонад, зеро китоб манбаи дониш ва ақлу хирад мебошад».
«Имрӯз ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе дар назди Наврӯзгоҳи пойтахт бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади намоиши идона ҷамъ омадаанд. Дар ҷамъомади умумишаҳрии мо меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз иштирок доранд, ки ин боиси ифтихори мост»,-гуфт Сайфиддин Шарипов, сокини ноҳияи Шоҳмансур.
Ӯ илова кард, ки  сол то сол ҷашни Наврӯз дар кишвари мо бо шукӯҳу шаҳомати хоси худ таҷлил мегардад.

Март 21, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад