Таҷлили иди Наврӯз дар зодгоҳи Рӯдакӣ

Март 25, 2016 15:13

Душанбе,25.03.2016 (АМИТ Ховар).-23 юми марти соли равон дар деҳаи зебоманзараи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент, ки ҳамҷун зодгоҳи сардафтари адабиёти классики форс-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маъруф аст, бо иштироки адибони ҳавзаи Наврӯз иди байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд.
Дар ин ҷашни пуршукӯҳ адибони ҳавзаи Наврӯзро, ки аз Амрико, Олмон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Ҳоланд омадаанд, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Гулназар, Хайрандеш ва чанд тани дигар ҳамроҳӣ карданд.
Онҳо аввал марқади Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат карда, пасон аз осорхона ва чойхонаи назди он дидан намуданд.
Мардуми ин деҳаи зебоманзар анъанаи наврӯзии тоҷиконро бори дигар ба меҳмонон нишон дода, дастурхон густурдаву хотири онҳо ва сокинони деҳаро бо қироати сурудҳои халқии наврӯзӣ ва базму рақс болида сохтанд.

Март 25, 2016 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад