Таҷлили Рӯзи Модар дар Вазорати корҳои доҳилӣ
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -7-уми март дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва баланд бардоштани манзалат ва мақоми зан дар ҷомеа, маърифати оиладорӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинзода, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва дигар занони фаъоли кумита, идора ва сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Рамазон Раҳимзода меҳмонон ва тамоми занони мақомоти корҳои дохилиро бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо дар хизмати пуршарафашон барору комёбӣ таманно намуд.
Номбурда гуфт, ки имрӯз занон дар баробари мардон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ фаъолият намуда, барои ба ҷой овардани рисолати модарӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва тарбияи ҳарбии ватанпарастии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида шуда, баробари мардон занон низ ба корҳои давлатӣ ҷалб мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






