Табрикоти Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Душанбе,21.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ташкилоти «Созандагони Ватан» ҳамватанони гиромӣ ва ҷавонони саодатманди кишварро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сидқан табрик гуфтааст. Дар он аз ҷумла омадааст:
Мо дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ки чанд сол аст мақоми байналмилалӣ гирифтаву ҷаҳониён онро ҷашн мегиранд, қарор дорем.
Наврӯз пайвандгари наслҳои имрӯзу фардо бо расму ойинҳо ва арзишҳои миллӣ, инъикосгари эҳёи табиат, сафобахшандаи қалбҳо, оғози ҳаёту ҳастии ҷадид ва марҳилаҳои нави шурӯъ бахшидан ба ҳаёти беҳтар мебошад.
Бо омадани Наврӯз табиати биҳиштосои Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол аз нав зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, кӯшишу ҳаракат бар ақибмондагию оромӣ ғалаба мекунад.
Наврӯз иди ниёгони мо мебошад, ки ба мо наслҳои имрӯза мерос монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ- эҳтиром ба гузаштагон ва расму русуми онҳо мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо, бахусус ҷавононро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ, пеш аз ҳама, бифахрем, онро ҳифз намоем ва ба ояндагон поку беолоиш эҳдо намоем.
Дар марҳилаи муосири ҷамъиятӣ моро лозим аст, ки барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва нигоҳдошти ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз кору пайкори бештаре намоем, онро таблиғ намоем, дар замири ҷавонон эҳтиром ба онҳоро тарбия намоем ва ба ин васила онро гиромӣ дорем.
Наврӯзатон пирӯз бод, ҳамватанони азиз!
Шӯрои Марказии Ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»
шаҳри Душанбе
19 марти соли 2016








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






