Вохӯрии сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат» бо журналистони оянда

Март 9, 2016 14:07

Душанбе, 09.03.2016, (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ташаббуси кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳавасманд гардонидани рӯзноманигорони оянда вохӯрии сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Сайфиддин ва нависанда Бахтиёри Муртазо доир гардид.
Чорабиниро декани факултети журналистика Саъдӣ Исматов оғоз карда, ташкили чунин вохӯриҳоро барои донишҷӯён манфиатбахш арзёбӣ намуд.
Муаллими калони кафедраи матбуот Қироншоҳ Шарифзода меҳмононро ба донишҷӯён муаррифӣ намуда, онҳоро бо эҷодиёти Мансур Сайфиддин (Мансур Суруш) ошно намуд.
Сармуҳаррири минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» ҳозиринро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, гуфт: «Воқеан имрӯз озодии сухан дар Тоҷикистон баръало мушоҳида мешавад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар кишвари мо зиёда аз 500 рӯзномаи давлатию хусусӣ фаъолият мекунад».

Март 9, 2016 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад