100 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Душанбе, 16.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 15 марти соли равон дар ҷумҳурӣ 100 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардид. Муҳоҷирони дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифташуда 20%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳанд. Дар айни замон 500 оилаи муҳоҷирон, аз ҷумла 80 оила аз ноҳияи Рашт, 60 оила аз ноҳияи Тоҷикобод ва 360 оила аз ноҳияи Лахш дар деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти Муксу, деҳаи Дуванаи ҷамоати деҳоти Алға, деҳаи Ҷаилғани ҷамоати деҳоти Лахш ва деҳаи Сарталои ҷамоати деҳоти Сарталои ноҳияи Лахш ба таври муташаккилона бо қитьаҳои замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ таъмин карда шуданд.
Ҳоло дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирон 128 оила зиндагӣ доранд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар айни замон корҳои омодагӣ ҷиҳати кўчонидани муҳоҷироне, ки дар мавзеъҳои хавфнок истиқомат доранд, идома дорад.
Ҳамзамон ба 77 хоҷагии аз минтақаи зериобмонии НБО “Роғун”, ки соли 2015 дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида буданд, маблағи қарзи имтиёзнок ба миқдори 231 ҳазор сомонӣ ва кумаки яквақтаинаи моддӣ ба миқдори 26 ҳазор 750 сомонӣ, дар маҷмӯъ 257 ҳазор 750 сомонӣ тавассути бахши Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Нуробод ҷиҳати пардохт интиқол дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад






