20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад

Октябрь 20, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 20 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ таҷлил мегардад. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатиии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки ин сана ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату фаъолияти пурмасъулияти мутахассисоне, ки дар таъмини бехатарӣ ва танзими ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоӣ саҳми назаррас мегузоранд, таҷлил карда мешавад.

Таърихи ин сана ба 20 октябри соли 1961 рост меояд. Маҳз дар ҳамин рӯз дар шаҳри Амстердами Нидерландия Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ (IFATCA) таъсис ёфт. Ин рӯйдоди муҳим ба муттаҳид намудани мутахассисони соҳа, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ замина гузошт.

Имрӯз авиатсия яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ буда, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва ҳамкории байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар баробари рушди ин соҳа таъмини бехатарии парвозҳо, истифодаи самараноки фазои ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии ҳаракати ҳавопаймоҳо аҳаммияти махсус касб менамояд.

Дар ин раванд танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ нақши калидӣ доранд. Онҳо мутахассисоне мебошанд, ки фаъолияти ҳаррӯзаашон ба идора ва ҳамоҳангсозии ҳаракати ҳавопаймоҳо, нигоҳ доштани фосилаи бехатар байни онҳо ва пешгирии ҳолатҳои хатарнок дар фазои ҳавоӣ равона гардидааст.

Фаъолияти танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ аз онҳо донишу малакаи баланди касбӣ, тафаккури дақиқ, қобилияти зуд қабул намудани қарор, диққати ҳамешагӣ ва эҳсоси баланди масъулиятро талаб менамояд. Дар шароити ҳаракати пуршиддати ҳавоӣ ҳар дастур, ҳар маълумот ва ҳар қарори онҳо метавонад барои таъмини бехатарии парвозҳо аҳаммияти ҳалкунанда дошта бошад.

Танзимгарон бо истифода аз воситаҳои муосири алоқа, назорат ва идоракунӣ ҳаракати ҳавопаймоҳоро пайгирӣ намуда, ба ҳайати парвозӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунанд. Онҳо инчунин бо сохторҳои дахлдор ҳамоҳангӣ намуда, барои ба таври бехатар, муназзам ва пайдарпай анҷом ёфтани парвозҳо шароити зарурӣ фароҳам меоранд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар низоми авиатсияи граждании кишвар мақоми муҳим дошта, хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Кормандони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона дар иҷрои ин вазифаи муҳим саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолияти онҳо ба ҳамоҳангсозии ҳаракати ҳавопаймоҳо, таъмини фосилаи бехатар байни онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои парвозҳо мутобиқи талаботи муқарраршуда равона шудааст.

Бо назардошти хусусияти ҷуғрофии Тоҷикистон, ки қисми зиёди ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар фазои кишвар диққати махсус, дониши амиқи касбӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои техникиро тақозо менамояд. Дар чунин шароит ҳамоҳангии дақиқи ҳаракати ҳавопаймоҳо, мубодилаи саривақтии маълумот ва риояи қатъии қоидаҳои муқарраршуда аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, такмили дониш ва малакаи мутахассисон, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва истифодаи технологияҳои муосири аэронавигатсионӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Аз ҷумла, ба истифода дода шудани бинои муосири манораи назорати ҳаракати ҳавоии корхона 27 июни соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди инфрасохтори аэронавигатсионии кишвар қадами муҳим ба ҳисоб меравад. Иншооти мазкур барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати иҷрои вазифаҳои касбии мутахассисон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Касби танзимгари ҳаракати ҳавоӣ аз ҷумлаи касбҳоест, ки дар он дониш, таҷриба, устувории равонӣ ва қобилияти қабули қарорҳои саривақтӣ аҳаммияти аввалиндараҷа доранд. Танзимгар бояд дар ҳар лаҳза вазъи ҳаракати ҳавоиро дуруст арзёбӣ намуда, дастурҳои заруриро равшан ва дақиқ расонад.

Дар паси ҳар парвози бехатар меҳнати дастҷамъонаи мутахассисони соҳа қарор дорад. Агар халабон ҳавопайморо идора кунад, танзимгари ҳаракати ҳавоӣ ҳаракати онро дар доираи минтақаи масъулияташ ҳамоҳанг месозад ва ба риояи фосилаи бехатар байни ҳавопаймоҳо мусоидат менамояд. Ҳамин ҳамоҳангӣ имкон медиҳад, ки парвозҳо бо тартибу низоми муайян ва бо риояи талаботи бехатарӣ анҷом дода шаванд.

Ин касб ҳамзамон такмили пайвастаи дониш, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мутобиқ шудан ба талаботи тағйирёбандаи соҳаи авиатсияро тақозо мекунад. Зеро рушди технологияҳои нав, афзоиши ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ ва баланд гардидани талабот ба сифати хизматрасонӣ аз мутахассисон омодагии доимӣ ва муносибати ҷиддиро нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ талаб менамоянд.

Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ фурсатест барои қадрдонӣ аз заҳмат, дониш ва маҳорати мутахассисоне, ки фаъолияти онҳо бо таъмини бехатарии парвозҳо ва ҳифзи ҷони мусофирону ҳайати парвозӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»

 

Октябрь 20, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд