28-апрел: Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат
Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат имрӯз, 28 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии гурўҳи кории машварати сетарафа ҷиҳати мониторинги «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015 — 2017» баргузор гардид.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ёдовар шуд, ки дар барномаи ҳамкории зикршуда масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузорӣ дарҷ гардиданд.
Самаранокии фаъолияти Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, неруи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ зиёд гардида, ба ҳамкорӣ ҷиҳати башаклдарории шуғлнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ тақвият бахшида мешавад,- илова намуд Э.Сангинзода.
Ҳамоҳангсози миллии ТБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Аминов вобаста ба натиҷагирии фосилавии ҷараёни иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда дар солҳои 2015- 2017» сухан кард.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, натиҷаҳои асосии бадастомада дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳо оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти ҳифзи меҳнати кормандон («Стресс дар ҷойи кор») мавриди баррасӣ ва муҳокимаи шарикони сетарафа қарор дода шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






