50 ҳазор сомонӣ барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва устодони онҳо

Апрель 19, 2016 12:09

Душанбе, 19.04.2016, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷгузории заҳмати омӯзгорон ва дастпарварони онҳо, ки ғолиби олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ мегарданд, омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ва шогирдонашон, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хонандае, ки дар олимпиадаи кишвари хориҷии дур сазовори медали тилло мегардад, бо 25 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 25 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ мешавад. Хонандае, ки дар олимпиадаи давлати хориҷии дур сазовори ҷои дуюм мегардад, бо 15 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 15 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра дар олимпиадаи мамлакати хориҷи дур бо 10 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 10 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ мешавад.
Ҳамин тариқ, хонандае, ки дар олимпиадаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои аввалро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мешавад ва муаллими ӯ низ 10 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад гирифт. Соҳиби медали нуқра ва омӯзгори ин хонанда ҳар яке 5 ҳазор сомонӣ ва хонандае, ки медали биринҷӣ ба даст меорад ва устоди ӯ ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт мекунанд.

Апрель 19, 2016 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид