Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Апрель 22, 2016 11:43

Душанбе, 22.04.2016/АМИТ Ховар/. «Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соли сипаригардидаи 2015 марзи беш аз 40 миллион долларро убур намудааст, ки аз он 1,6 миллион долларро содирот ва 41,5 миллион долларро воридот ташкил медиҳад»,- гуфт Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки 21 апрел дар Душанбе оғоз ёфт. Баргузории ҷаласаи дуюми муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳолест, ки омори гардиши мол байни ду кишвар нисбат ба ду соли қабл ҳамагӣ 48,3 фоизро ташкил дода, 46 миллион доллар кам гардидааст.
Дар ҷаласа масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Аморот матраҳ гардида, зикр шуд, ки дар давоми 8 соли охир — солҳои 2007-2015 сармоягузорони Аморот наздики 150 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя ворид намудаанд, ки беш аз 70 миллион доллари он cармоягузориҳои мустақим ва зиёда аз 80 миллион доллар қарзҳои аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ҷалбгардида мебошанд. Алҳол дар ҳудуди Тоҷикистон 14 корхонаи муштарак бо Аморот ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зикр гардид, ки тибқи таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳар ду кишвар дар самти ҳамкории иқтисодӣ дорои имконияту захираҳои зиёд мебошанд. Дар ин росто дар доираи фаъолияти Комиссияи муштарак маҷмӯи иқдомҳои ҳадафманд дар бахшҳои ояндадор, аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок, металлҳои ранга ва ашёи хоми стратегӣ ва дигар зарфияту имконоти моддии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
Инчунин таъкид шуд, ки иқтидори кофии молиявӣ ва технологии Аморот ва захираҳои табиӣ ва меҳнатии Тоҷикистон шароити мусоидро барои барқарор намудани равобити мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати истифодаи иқтидорҳои тиҷоратию иқтисодӣ Тоҷикистон саъй дорад, ки ҳамкории судманди дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо Амороти Муттаҳидаи Араб тақвият дода, ба сатҳи нав барорад.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ҳайати бонуфузи ниҳодҳои давалатии ин кишвари арабӣ таҳти роҳбарии Холид Ғоним ал Ғайс- муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омадаанд.

Апрель 22, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад