Қабули «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020»

Апрель 9, 2016 11:02

Душанбе, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва бо мақсади таъмини рушд ва фаъолияти бонизоми муассисаҳои фарҳангӣ дар вилоят «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар вилояти Суғд тасдиқ карда мешавад.

Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар вилояти Суғд бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, мақсади асосии барномаи мазкур таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа, татбиқи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа мебошад.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар айни ҳол дар вилоят 354 адад китобхонаҳои оммавӣ, 275 адад клубҳо, 7 адад осорхона, 15 боғи фарҳангию фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 ансамблҳои тарона ва рақс, 6 театри касбӣ, 1 Филармонияи халқӣ, муассисаҳои давлатии вилоятии Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», мактаби рақсии «Зебо Аминзода», Қасри маданияти Арбоб фаъолият намуда, дар рушди соҳа ва болоравии фарҳангу маънавиёти мардум саҳмгузор мебошанд.

Апрель 9, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид