Қабули ҳисоботи омории электронии соҳаи саноат
Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули ҳисоботи омории электронии соҳаи саноат шурӯъ менамояд. Бо ин мақсад дар Агентии омор намоиши гузариш ба ҳисоботи моҳонаи электронии омори саноат барои масъулини корхонаю ташкилотҳои саноатии шаҳри Душанбе барпо гардид. Дар намоиш роҳбарон, муҳосибон ва иқтисодичиёни қариб 50 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо вобаста ба кам намудани ҳисоботи оморӣ ба соҳибкорон, ҳамчунин гузариш ба ҳисоботи электронӣ дастуру супоришҳо додаанд.
Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳисоботи моҳи феврали соли 2016, 4 ҳазору 155 корхонаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ҳисоботи электронии музди меҳнат пешниҳод намудаанд, ки 77,2 фоизи миқдори умумии ҳисоботсупорандагонро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур кифоя нест, зеро мо бояд аз ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ҳисоботи электрониро қабул намоем. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти техникӣ корхонаю ташкилотҳо метавонанд аз терминали мақомоти омори шаҳри Душанбе истифода намоянд.
Бо мақсади вусъат додани корҳои гузариш ба ҳисоботи электронӣ дар айни замон кашидани хати нурӣ дар сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе идома дорад.
Барои омода намудани барномаи воридкунӣ ва коркарди ҳисоботи электронӣ мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз ҳисоби Лоиҳаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди омор», ки аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, ҷалб шуда буданд ва марҳилаи навбатии гузариш ба ҳисоботи электронӣ ба омори саноат тааллуқ дорад.
Соҳаи саноат аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб шуда, талабот ба иттилоот оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ, алалхусус молҳои воридотивазкунанда хеле зиёд шудааст.
Аз 1 майи соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе имкон доранд ҳисоботи омории моҳонаи «1-саноат»-ро бо усули электронӣ пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






