Ҳайати Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

Апрель 14, 2016 15:56

Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Аз 24 то 26 апрели соли равон ҳайати Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар менамояд.
Дар назар аст, ки зимни сафар роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Беларус бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ мулоқот намояд.
25 апрел дар МД «Китобхонаи милии Тоҷикистон» баргузории ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматииТоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳайати Беларус дар доираи сафар аз марказҳои хизматрасонию техникии КВДҶ «Тоҷикагролизинг», ҶСШП «Агротехсервис» ва шаҳри Ҳисор боздид ба амал оварда, бо дастовардҳои соҳаи кишоварзию ёдгориҳои бостонӣ шинос хоҳад шуд.

Апрель 14, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд