Ҷашни Наврӯз дар Шоҳигарии Нидерланд
Душанбе, 13.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Конуни фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони Нидерланд ба номи Рӯдакӣ дар шаҳри Алмери Голландия 10 апрел таҷлили бошукӯҳи ҷашни бостонии Наврӯз баргузор шуд.
Ба ин муносибат дар маросими мазкур зиёда аз дусад нафар тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндагони мардуми форсизабон аз Эрону Афғонистон, ки ҳоло дар Белгия, Нидерландия, Люксембург, Олмон ва бархе аз кишварҳои дигари Аврупо сукунат доранд, ширкат варзиданд.
Таҷлили Наврӯз тавъам бо ҳамоиши густурда таҳти шиори “Фарҳанги мо меҳвари ҳамбастагии мост” доир гардид. Зимни он аҳли илму фарҳанг, шоирон ва нависандагони форсизабони муқими Аврупо дар масоили умдаи ҳаёти имрӯзаи башарият, нақши фарҳангу адаб дар раванди рӯёрӯй бо хатару таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, зарурати ваҳдати бештари ҳавзаи кишварҳои форсизабон ва нақши Тоҷикистон дар ин раванд суханронӣ карданд.
Мавзӯи суханронии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия Эркинхон Раҳматуллозода фарогири мавқеи созандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти аср, таъмини ҳамкории бештар бо ҷомеаи байналмилалӣ ва зарурати ваҳдату таваҷҷуҳи бештар ба масоили муосири ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Бори дигар таъкид гардид, ки Тоҷикистон мисли пештара ҷонибдори муколамаю мадоро бо тамоми аҳли башар буда, гуфтугӯи тамаддунҳо ва ҳамбастагии онҳо дар ин раванд нақши меҳварӣ дорад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






