Ҷавонон сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти кишварро ҳимоя мекунанд
Хоруғ, 7.4.2016 /АМИТ» Ховар»/. Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшоҳзода Абдураҳмон Аламшоҳ бо донишҷӯёну олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқот анҷом дода, оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза, куштору хунрезиҳо дар баъзе аз мамолики дуру наздик, зуҳуроти номатлуби гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтиротиву ҷиноятпеша суҳбат намуда, аз ҷавонон даъват кард, ки фазои тинҷу ороми кишвари худро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ба ҳеҷ яке аз қувваҳои дохилию хориҷӣ имкон надиҳанд, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ осмони софи мамлакати моро олуда созанд. Донишҷӯёни донишгоҳ низ изҳор намуданд, ки аз сиёсати сулҳчӯёнаи роҳбарияти кишвар ҳамеша дифоъ карда, тамоми донишу заковати худро ба он равона месозанд, то барои худ ва насли оянда зиндагии шоистаро фароҳам созанд.
Донишҷӯён ба муовини аввали ВКД дар бораи омодагии донишгоҳ ба ҷашни дар пешистодаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, раъйпурсии умумихалқӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






