Ҷавонон сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти кишварро ҳимоя мекунанд

Апрель 7, 2016 11:36

Хоруғ, 7.4.2016 /АМИТ» Ховар»/. Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшоҳзода Абдураҳмон Аламшоҳ бо донишҷӯёну олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқот анҷом дода, оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза, куштору хунрезиҳо дар баъзе аз мамолики дуру наздик, зуҳуроти номатлуби гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтиротиву ҷиноятпеша суҳбат намуда, аз ҷавонон даъват кард, ки фазои тинҷу ороми кишвари худро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ба ҳеҷ яке аз қувваҳои дохилию хориҷӣ имкон надиҳанд, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ осмони софи мамлакати моро олуда созанд. Донишҷӯёни донишгоҳ низ изҳор намуданд, ки аз сиёсати сулҳчӯёнаи роҳбарияти кишвар ҳамеша дифоъ карда, тамоми донишу заковати худро ба он равона месозанд, то барои худ ва насли оянда зиндагии шоистаро фароҳам созанд.
Донишҷӯён ба муовини аввали ВКД дар бораи омодагии донишгоҳ ба ҷашни дар пешистодаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, раъйпурсии умумихалқӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 7, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд