Ҷавонони Кӯлоб ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд

Апрель 6, 2016 15:13

Кӯлоб, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2016 Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ба тавсиб расид. Дар ин замина беш аз 50 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб ихтиёран барои хизмат дар сафи Қуввахои мусаллаҳи кишвар ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуданд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ба ин муносибат раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар ҳозирон баромад намуда, ҷавонони Кӯлобшаҳрро барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд. Зикр карда шуд, ки хизмати модар-Ватан барои ҳар як ҷавонмард ҳам қарз асту ҳам фарз.
Тавре ки сарбоз Орзу Қосимов иброз дошт, дар ин чорабинӣ мухассилини муассисаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 40 ва хизматчиёни ҳарбии минтақаи Кӯлоб дар назди ҳозирон машқҳои тан ба тани ҳарбӣ намоиш доданд. Ҷавонон бошанд, бо ҳисси ифтихор аз ватану ватандорӣ дигар ҳамсолонашонро барои шомил гардидан ба сафи Қуввахои мусаллаҳ даъват карданд.
Дар чорабинӣ модарони аскароне, ки дар қисмҳои низомии Қуввахои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда истодаанд, аз шароити буду боши аскарону афсарон изҳори хушнудӣ карданд. Дар идома ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири ҳозиронро болида гардониданд.

Апрель 6, 2016 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд