Ҳавзи сунъии деҳаи Барсем бехатар гардонида мешавад

Апрель 14, 2016 12:06

Хоруғ, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хотири коҳиши хатари ҳавзи сунъии деҳаи Барсем, ки бар асари ҷорӣ гардидани сел ва баста шудани маҷрои дарёи Ғунд ба вуҷуд омад, бо сармуҳандиси Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии Фарғона Нурулло Искандаров мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба амалисозии ду лоиҳаи асосӣ, ки аз тариқи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудаанд, суҳбат намуданд. Зикр гардид, ки амалишавии лоиҳаи барқароркунии оби ирригатсионии деҳаи Барсем ва барқароркунию соҳилмустаҳкамкунии маҷрои дарёи Ғунд дар мавзеи Бердибекобод бо суръат ҷараён дорад. Маблағи хароҷоти ин ду лоиҳа ҳудуди севуним миллион сомониро ташкил дода, қарор аст, ки то 5-уми майи соли равон иншоотҳои номбурда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари ҷорӣ шудани сел дар тобистони соли гузашта ба шабакаҳои обрасонии деҳаи Барсем хисороти зиёд ворид шуда, маҷрои дарёи водии Ғунд баста ва ҳавзи сунъӣ бо баландии бештар аз 50 метр ба вуҷуд омад. Зарур аст, ки то гармшавии ҳаво ва боло рафтани сатҳи оби дарё сарбанди ин ҳавз бехатар гардонида шавад.

Апрель 14, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад