Ба касбомӯзӣ ҷалб гардидани муҳоҷирон

Апрель 11, 2016 14:04

Душанбе,11.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бобати бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба Федератсия Русия муваққатан манъ карда шудааст ва бо касбу забономӯзӣ фаро гирифтани онҳо корҳои муайянро ба анҷом мерасонад.
Дар давоми моҳҳои январ-марти соли равон 345 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намуданд, ки 313 нафар мард ва 32 нафар зан мебошанд.
Бо дастгирии шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии муроҷиаткарда 39 нафар бо кор таъмин ва 46 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин радиф 14 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, 7 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар гардид.

Апрель 11, 2016 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд