Баҳси мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар ҷаласаи XI Форуми СҲШ дар Душанбе

Апрель 27, 2016 10:00

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар/. 28-29 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки: «Пеш аз ҳама, бояд таъкид намоям, ки ин Форуми сохтори илмии СҲШ мебошад ва дар он марказҳои таҳлилии кишварҳои СҲШ ҷамъ омада, масоили доғи рӯзро баррасӣ менамоянд.  Чунин форум ҳамасола дар яке аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад. Дар форуми навбатӣ, ки дар Душанбе баргузор мегардад, масъалаҳои мубориза ба муқобили таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм ё ифротгароии динӣ,  омилҳое ки ба ин ҷараёни манфии ҷомеа таъсиргузор ҳастанд, баробари ин боз дигар масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколима низ мавриди баҳс қарор мегиранд».
Ба гуфтаи С. Сафаров мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, ҳамкории иқтисодӣ дар доираи СҲШ, вазъият ва дурнамои ин ҳамкорӣ, СҲШ ва масъалаҳои оқилона итифода бурдани обу энергетика ва коммуникатсия дар кишварҳои СҲШ аз масоили муҳими ин форум маҳсуб мешаванд.
«Яке аз масъалаҳои дигар — васеъ шудани  Созмон аст, ки ин хеле масъалаи ҷиддӣ мебошад, зеро ҳоло вазъият чунин шудааст, ки Покистону Ҳиндустону Эрон ба узвияти ин созмон бояд қабул карда шаванд. Дар доираи ҷаласа Форуми ҷавонони СҲШ доир мегардад, ки дар он масъалаҳои дурнамои Форуми ҷавонони СҲШ ва ҳамкории байни созмонҳои ҷавонон ва ҳамкории иттилоотӣ дар доираи кишварҳои узв, нозир ва шарикони муколама баҳс хоҳанд шуд», -илова намуд муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир, шарикони муколама ва созмонҳои даъватшуда, аз қабили Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ширкат меварзанд.

 

Мавҷуда Анварӣ

Апрель 27, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд