Барномаи «Андалеб-2016»-и ДДХ

Апрель 27, 2016 08:42

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ)  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави Фестивал-озмуни «Андалеб-2016»  бахшида  ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ректори донишгоҳ Анвар Максудов зикр намуд, ки  25 соли даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари талошҳои пайваста ба хотири рушди мунтазами иқтисодиёт ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамчунин давраи рушди илму фарҳанг ва маънавиёт буд. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои пешрафти фаъолияти эҷодии зиёиён, рушди муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиву таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста тадбирҳои самарабахш меандешад.
Барномаи фарҳангии донишҷӯён, аз ҷумла, навозиши умумӣ «Парвона», либосҳои қадимии миллӣ,  «Рақси гулҳо», суруди яккаи «Тоҷикистон», навозиши яккаи «Зулф», саҳначаи ҳаҷвӣ «Дарди бадро давои бад», суруди анъанавии «Қашқарчаи савти муҳайё», аз анъанаҳои мардумӣ, анъанаи туйи водии Зарафшон пешниҳод гардид.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии донишҷӯён баҳои баланд дода, ДДХ соҳиби 100,6 хол гардид.

Апрель 27, 2016 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид