Барои бартараф намудани камбудиҳо масъулини қисмҳои низомӣ супоришҳои қатъӣ гирифтанд
Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бояд таваҷҷуҳи зиёд карда шавад, зеро он ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар ҷаласа инчунин як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла оид ба омодагии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, вазъи ҷинояту қонуншиканиҳо, ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, ҷараёни чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, натиҷаҳои санҷиши инспексионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ таҳлил шуданд.
Инчунин вазъи кунунии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаҷониба таҳлил гардида, вобаста ба як қатор камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти баъзе раёсатҳои навъи қӯшунҳо ва қисмҳои низомӣ изҳори нигаронӣ карда шуд ва барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли дигар монеаҳои мавҷуда, масъулини дахлдор дар муҳлати муайян супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Дар ҷаласа барои сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, пурра аз байн бурдани рафторҳои ғайриоинномавӣ, сари вақт мусоидат намудан вобаста ба ҳалли ҳама мушкилоти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намудан ба наваскарон ҳангоми аз бар кардани барномаҳои рӯзмарраи таълимӣ масъулини дахлдори Вазорати мудофиа бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






