Баррасии равандҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 21 апрел бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Намояндаи махсуси он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан мулоқот баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ барои такмил ва татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ, амниятӣ, обу неру ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот сардори Раёсати мутобиқати рушди Комиссияи Аврупо Йобст фон Кирчман, мудири Шуъбаи мутобиқати ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ИА Филберто С.Себергонди, мудири Шуъбаи оид ба пешгирии низоъ, пуштибонии сулҳ ва васотати ИА М.Василевск, мудири Шуъбаи Осиёи Марказии ИА Беренис Мурайле, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич ва дигар аъзои ҳайат низ ҳузур доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






