Биёед, ояндаро бо ҳам бисозем!

Апрель 28, 2016 08:41

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ Ховар/. 26 апрел дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён таҳти унвони «Биёед, ояндаро бо ҳам бисозем!» баргузор гашт. Зимни мулоқот аз тарафи Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамоиш гузаронида шуда, варақаҳои дорои иттилооти гуногун вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия байни донишҷӯёни донишкада тақсим гардиданд.
А. Абдуллозода  вобаста ба нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳо ба қонуни сарнавиштсоз иброз дошт, ки соли 2016 аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои миллати тоҷик соли муҳим ва сарнавиштсоз мебошад. Имсол барои мо аз нигоҳи аввал имтиҳон аст, вале аз нигоҳи дигар давраи мустаҳкам кардани камолоти миллат ва дар замири ҳар яки мо таҳким бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва боло бурдани унсурҳои давлатдории навини Тоҷикистон мебошад.
Зикр шуд, ки 22 май рӯзи бахти миллат аст, зеро тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои беҳбудӣ, таъмин кардани ҳаёти осоиштаи мардум ва ба низом даровардани идоракунии сиёсӣ мусоидат мекунад.

Апрель 28, 2016 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд