Бохти чоруми “Истиқлол”
Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи бозиҳои гурӯҳи “Б”-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар муқобили дастаи “Алфайсалӣ”-и Урдун ба бохти чоруми худ рӯ ба рӯ шуд. Футболбозони урдунӣ дар панҷ дақиқаи поёни қисми аввал хати дифои “Истиқлол”-ро маҷбур карданд, ки ба хатоӣ роҳ диҳад. Дар натиҷа Халил Баниятеҳ дар дақиқаи 33-юм ҳисобро боз кард. Муҳаммад Аррифоӣ голи дуввуми соҳибони майдонро ба дарвозаи Стошич равон намуд.
Дар нимаи дуввуми бозӣ Ёсин Бакит боз як голи дигарро ба дарвозаи чемпиони Тоҷикистон равон кард. Баъди ин гол “истиқлолиҳо” тавассути голҳои Александр Каблаш ва Парвиз Умарбоев дар ҳисоби бозӣ тағйирот ворид карданд. Аммо голи задаи Халил Баниятеҳ(голи дуввумаш дар ин вохӯрӣ) охирин тӯбе буд, ки вориди дарвоза гардид ва чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон бо натиҷаи 4 бар 2 ба шикасти чоруми худ аз панҷ вохӯрӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар бозии байни дастаҳои “Тараблус” ва “Нафт Алвасат” меҳмонон бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб омаданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






