Бонувони собиқадори Кӯлоб ба ҷавонон дарси оиладорӣ меомӯзанд
Душанбе, 29.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо бонувони собиқадор ва фаъоли шаҳр мулоқот барпо намуданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили маърифатнокии занону духтарон, ба шуғл пайвастани онҳо, таълиму тарбияи насли наврас, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав напайвастани ҷавонон, танзими расму оинҳои миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, пешгирии тақлид ба либосҳои бегона, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушию худсӯзии занон, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуби ҷомеа мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Байни иштирокдорони мулоқот оид ба сабаб ва пайдоиш омилҳои номатлуб ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мубодилаи афкор ба миён омад ва чанд нафар аз занони собиқадор аз таҷрибаи рӯзгорашон сухан ронда, сабаби асосии ба ин мушкилӣ дучор омадани оилаҳоро дар бемаърифатӣ ва бешуғл мондани бархе аз занону модарон донистанд.
Кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба тадбирҳои судманди давлату Ҳукумат дар самти маърифатнокии занон маълумот дода, аз занони собиқадор даъват ба амал оварданд, ки нисбат ба мушкилоти мавҷуда бетарафӣ зоҳир насозанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ба занону духтарони ҷавон аз таҷрибаи андӯхтаашон дарси оиладорӣ омӯзанд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






