Бори ғайриқонунӣ ба он сӯи Ому нарасид
Душанбе, 14.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Н. М. зимни интиқоли ғайриқонунии оҳанпора аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» боздошт гардид.
Ин шаҳрванди кишвари ҳамсоя мехост 19 тонна металли сиёҳро бо мақсади тиҷорат тавассути воситаи нақлиёти боркаш ба он сӯи дарёи Ому интиқол диҳад. Вале ин амали ғайриқонунии шаҳрванди Афғонистон аз назари гумрукчиёни тоҷик дур намонда, зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба шаҳрванди Афғонистон Н. М. парвандаи маъмурӣ боз карда шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






