Бори аввал дар таърих варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо шуд!
Душанбе, 17.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни то 90 килограмм бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, қаҳрамони Осиё шуд.
Ин мусобиқа рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки чунин ғалаба дар таърихи дзюдои тоҷик бори аввал ба даст омад ва дар ғалабаи варзишгари тоҷик саҳми мураббии ӯ Владимир Елчанинов калон аст.
Дар натиҷаи ин ғалаба Комроншоҳи Устопирниён дар арафаи Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз 5 то 21 августи соли равон дар пойтахти Бразилия шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор мегарданд, ба маҷмӯи имтиёзҳои (баллҳои) олимпии худ боз 400 имтиёзи дигар зам намуд.
Дар Чемпионати Осиё дар Тошканд ҳамчунин се нафар варзишгарони мо Шӯҳратҷони Фахризода, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуда, чаҳор гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Ба шарофати ғалабаи Устопириён дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби командавӣ ба гирифтани ҷои 6-ум дар байни 31дастаи иштирокчӣ мушарраф шуда, аз дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Эрон, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ пеш гузашт. Се ҷои аввалро бошад дастаҳои мунтахаби Япония, ки ватани дзюдо маҳсуб мешавад, инчунин дастаҳои Муғулистон ва Қазоқистон ба даст оварданд.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






