Бори аввал дар таърих варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо шуд!

Апрель 17, 2016 14:29

Душанбе, 17.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо  дар вазни то 90 килограмм бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, қаҳрамони Осиё шуд.

Ин мусобиқа рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки чунин ғалаба дар таърихи дзюдои тоҷик бори аввал ба даст омад ва дар ғалабаи варзишгари тоҷик саҳми мураббии ӯ Владимир Елчанинов калон аст.

Дар натиҷаи ин ғалаба Комроншоҳи Устопирниён дар арафаи Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз 5 то 21 августи соли равон дар пойтахти Бразилия шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор мегарданд, ба маҷмӯи имтиёзҳои (баллҳои) олимпии худ боз 400 имтиёзи дигар зам намуд.

Дар Чемпионати Осиё дар Тошканд ҳамчунин се нафар варзишгарони мо Шӯҳратҷони Фахризода, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуда, чаҳор гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ба шарофати ғалабаи Устопириён дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби командавӣ ба гирифтани ҷои 6-ум дар байни 31дастаи иштирокчӣ мушарраф шуда, аз дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Эрон, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ пеш гузашт. Се ҷои аввалро бошад дастаҳои мунтахаби Япония, ки ватани дзюдо маҳсуб мешавад, инчунин дастаҳои  Муғулистон ва Қазоқистон ба даст оварданд.

Апрель 17, 2016 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд