Боздид аз ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ

Апрель 11, 2016 18:07

Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. -Дирӯз, 10 апрели соли 2016 роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, бо ҷараёни хизматбарии ҳайати шахсӣ дар минтақаи Рӯдакӣ шинос шуданд.
Зимни боздид аз шароити хизмат ва корҳои ободонию созандагӣ ҳамзамон бо ҳайати шахсии мақомоти милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Мақсади вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ суҳбати озод, мубодилаи афкор ва шунидани андешаи онҳо буд.
Дар ҷараёни суҳбат аз дастгирӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ сухан карда, аз дастовардҳо ва корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ин самт ибрози назар карда шуд.
Ҳамчунин бобати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон дар рӯҳияи садоқату матонат нисбат ба давлату миллат, ҳифз ва устувории ҳувияти миллӣ, таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Апрель 11, 2016 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд