Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё дар Саппорои Ҷопон мегузаранд
Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Саппорои Ҷопон давоми се рӯз семинари намояндагон-роҳбарони намудҳои варзиши зимистонаи кишварҳои Осиё барпо гардид, ки дар он Тоҷикистонро Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи олимпии кишвар ва Муҳаммадшо Абдуллоев, директори генералии ин ниҳод муаррифӣ карданд.
Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ, ки мебоист зимистони соли 2015 гузаронида мешуданд, бо қарори Асссамблеяи Генералии шӯрои олимпии Осиё дар соли 2009 бо мақсади наздик кардан ба бозиҳои Олимпии зимистона ба соли 2017 таҳвил дода шуданд ва макони баргузории он шаҳрҳои ҷопонии Саппоро ва Обиҳиро пазируфта шуданд.
Ин сеюмин бозие маҳсуб мешавад, ки дар Саппорои Ҷопон сурат хоҳад гирифт.
Дар назар аст, ки дар бозиҳои зимистонаи Осиё , ки моҳи феврали соли 2017 мегузаранд, тақрибан 1500 варзишгар аз 30 кумитаи миллии олимпӣ ширкат варзанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






