Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Апрель 18, 2016 09:29

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои наздик бо ҷалби сармояи мустақим корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна, корхонаи гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба иттилои масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, то рӯзҳои таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамчунин бакорандозии корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва дигар иншооти муҳими саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Апрель 18, 2016 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд