Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар таърихи бокси Тоҷикистон аз 1 то 9 майи соли равон дар пойтахти мамлакат аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни донишҷӯён барпо мешавад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ин чорабинии муҳим тамоми шароитро муҳайё карда, онро ба 25-солагии ҷашни Истиқлолияти мамлакат марбут медонад. Дар мусобиқа боксчиён аз давлатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тайланд, Чин, Ҷопон ва Узбекистон иштирок хоҳанд кард.
Баъди сохтани як зумра иншоотҳои варзишӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошанд, федератсияҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро макони баргузории мусобиқаҳояшон интихоб мекунанд. Рақобатҳо дар толори варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Мухлисон метавонанд бо иштирокашон дар ин толор дастаи мунтахаби донишҷӯёни кишварро дастгирӣ намоянд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






