Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Душанбе

Апрель 20, 2016 15:45

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар таърихи бокси Тоҷикистон аз 1 то 9 майи соли равон дар пойтахти мамлакат аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни донишҷӯён барпо мешавад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ин чорабинии муҳим тамоми шароитро муҳайё карда, онро ба 25-солагии ҷашни Истиқлолияти мамлакат марбут медонад. Дар мусобиқа боксчиён аз давлатҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тайланд, Чин, Ҷопон ва Узбекистон иштирок хоҳанд кард.
Баъди сохтани як зумра иншоотҳои варзишӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошанд, федератсияҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро макони баргузории мусобиқаҳояшон интихоб мекунанд. Рақобатҳо дар толори варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Мухлисон метавонанд бо иштирокашон дар ин толор дастаи мунтахаби донишҷӯёни кишварро дастгирӣ намоянд.

Апрель 20, 2016 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид