Дар Бохтар маҳаллаи беҳтарин муайян гардид
Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Бохтар ба ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Мақсад аз гузаронидани мусобиқаи «Маҳаллаи беҳтарин» низ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ҷашн гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ буд. Дар 16 маҳаллаи ноҳия корҳои поксозӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан, тармиму таҷдиди биноҳои ташкилоту муассиса ва истиқоматӣ ва ободу зебо гардонидани атрофии маҳаллаҳо ба анҷом расида, барои аз назари ҳакамон гузаштан омода гардиданд. Овезон гардидан навиштаҷоти ватандӯстонаи «Ҷашни Ватан аз остонаи хонаи мо сар мешавад», «Ҷашни фирӯзат муборак, Тоҷикистони азиз!» ва амсоли инҳо шукӯҳи идонаи маҳаллаҳоро афзуд.
Пас аз хулосаи ҳакамон дар ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ кӯчаи Ибни Сино маҳаллаи беҳтарин дониста шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






