Дар деҳоти Эсанбой идораи милитсия ба кор медарояд
Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. —Имрӯз зимни шиносоӣ аз Шуъбачаи милитсияи деҳоти Эсанбойи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтанд, ки барои сохтмони бинои нави маъмурии ба талабот ҷавобгӯ оғоз бахшида шавад.
Бинои Шуъбачаи милитсияи деҳоти Эсанбойи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯҳна буда, дар ҳолати фарсудагӣ қарор дорад. Бинобар ин роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтанд, ки барои нозирони минтақаи деҳоти Эсанбой бинои нави якошёна бо 12 ҳуҷраи корӣ, ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ ва бо тамоми шароит муҷаҳҳаз бунёд карда шавад.
Барои тақвият бахшидани корҳои сохтмонӣ ва бо масолеҳи зарурӣ таъмин намудани сохтмончиён дар минтақаи мазкур ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зимни суҳбат бо нозирони минтақавӣ таъкид гардид, ки кормандони милитсия бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи мардум бошанд ва дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо онҳо бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд.
Дирӯз роҳбарияти ВКД ҶТ ҳамчунин ба Шуъбачаи милитсияи деҳоти Навободи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ омада, аз шароити хизматии кормандони милитсия дар минтақаи мазкур дидан кард.
Зимни боздид аз ҷараёни хизматбарӣ ва корҳои ободонию созандагӣ вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии Шуъбачаи милитсияи деҳоти Навобод вохӯрӣ анҷом дод.
Кормандони милитсия ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






