Дар Кӯлоб озмоишгоҳи муосири ташхиси маҳсулоти ширӣ ифтитоҳ ёфт
Кӯлоб, 6.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии ҶСК «Комбинати шири шаҳри Душанбе» дар парки инноватсионии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб озмоишгоҳи муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба қавли Назармоҳ Назарбекова, корманди комбинати мазкур ҳадафи таъсиси озмоишгоҳ омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки озмоишгоҳ барои ташхиси маҳсулоти ширӣ пешбинӣ шудаааст ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз давлатҳои пешрафтаи дунё дастрас гардидааст.
Минбаъд омӯзгорон имкон доранд, ки ба донишҷӯён дар ин озмоишгоҳ ба воситаи тахтаи электронӣ бо истифодаи таҷҳизоти соҳавӣ ба таври амалӣ машғулият гузаронанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






