Дар Конибодом марказҳои хизматрасонии байторӣ фаъол шуданд
Душанбе, 2.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Дар маркази деҳаҳои Равот, Ғалчамулло ва Бӯстони шаҳри Конибодом марказҳои хизматрасонии байторӣ (зообайторӣ) бо фарогирии дорухона, нуқтаи бордоркунии сунъӣ ва дармонгоҳ (клиника) аз ҷониби соҳибкорони ин минтақа ба фаъолият шурӯъ намуд.
Бояд зикр намуд, ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба марказҳои хизматрасонии байторӣ дар ҳудуди шаҳр, махсусан, ҷамоатҳои деҳот зиёд гардидааст. Минбаъд сокиноне, ки ба чорводорӣ машғуланд, метавонанд аз деҳаи худ дур нарафта, аз хизматрасониҳои марказҳо истифода баранд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






