Дар Лахш бо ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Лахш, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар маркази ноҳия бо иштироки зиёда аз 500 нафар ҷавонон барои ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он ҷавононе, ки бори аввал дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок менамоянд, ҷонибдории хешро аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баён намуданд. Ҳамоиши мазкур бо хондани шеъру сурудҳо дар мавзӯи Ватан, модар, сулҳу ваҳдат ва оромии кишвар аз ҷониби ҷавонон ба охир расид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






