Дар Миср аз саҳми Варорӯд дар тамаддуни исломӣ сухан гуфтанд
Душанбе, 6.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Искандарияи Миср дувумин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони Саҳми сарзамини Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ ифтитоҳ гардид. Созмондиҳандагони конфронси мазкур Донишкадаи одоби Водии Ҷадид, Донишгоҳи Асют ва Китобхонаи Искандария буда, дар он донишмандону пажӯҳишгарони мисриву хориҷӣ ва дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар суханронии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ, ки аз шодбоши наврӯзӣ оғоз ёфт, таъкид шуд, ки тоҷикон ворисони аслии мероси фарҳангии Мовароуннаҳр буда, саҳми ниёкони мо дар ғанисозии он тамаддун беназир аст.
Бо ишора ба ҷойгоҳи муҳимми фарҳангӣ ва илмии Миср дар ҷаҳони араб ва минтақа, сафири кишвари мо изҳори умедворӣ намуд, ки конфронс ба барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории самарбахш байни муассисаҳои илмии ду кишвар ҷиҳати пажӯҳиши якҷояи осори муштараки фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






