Дар Пекин Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба кори худ шурӯъ кард

Апрель 20, 2016 15:47

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 19-уми апрел дар Пекин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ таҳти раёсати муовини вазири карҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Носиров ифтитоҳ гардид. Дар он Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов ва муовини директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ Аҳтамшо Пиров иштирок намуданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии СҲШ, дар ҷаласа, ки то 22-юми апрел идома меёбад, беш аз 20 масъалаи вобаста ба нақшаи кори Созмон дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт
Дар назар аст, ки масъалаҳои рушди рӯзафзуни минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколамаи СҲШ дар бахши сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ба масъалаи омодагии зина ба зина ба чорабинии асосии сол-Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон- шаҳри Тошканд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода намояндагӣ мекунад.

Апрель 20, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт