Дар Роғун 65 гектар боғи нав бунёд гардид
Роғун, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки замин, кишоварзони шаҳри Роғун 34 ҳазору 400 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 20 ҳазор гулу буттаҳо шинониданд. Дар ҳудуди шаҳр то имрӯз 65 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 22 гектар боғҳои кӯҳнаро аз нав барқарор намудаанд.
Тавре сардори идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун Сулҳиддин Раҷабов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар муддати се моҳ кормандони бахши мазкур дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои назоратӣ 29 маротиба санҷишҳои муштарак гузарониданд, ки дар натиҷаи вайронкунии қоидаҳо баъзе аз шаҳрвандон ҷаримаи маъмурӣ шуда, 1170 сомонӣ ба буҷети шаҳр ворид гардид.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






