Дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир карда мешавад
Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ҳамоҳангсозиро бо мақомоти марказӣ ва маҳалӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар ВМКБ ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили мусобиқаи ҷумҳуриявиро оид ба навъҳои оммавии варзиш дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад ва барои таъмини супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкил ва баргузории тантанаҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот барпо гашт
Барои аз назар гузаронидани корҳои омодагӣ ва кумаки методӣ оид ба иҷрои супоришҳо кормандони масъули Кумита аз 5 то 11 апрели соли равон ба ВМКБ сафарбар карда шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши равобити байналмиллӣ ва робита бо ҷомеаи КРМ иттилоъ доданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






